Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 нафар дар сӯхтор дар Маскав


Дар ҷойи сӯхтор дар кӯчаи Строминкаи Маскав ҷасади ҳашт нафар ошкор карда шудааст. Дар ин бора намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 31 январ ба хабаргузории Интерфакс иттилоъ дод.

Сӯхтор дар биное, ки он ҷо корхонаи хурди дӯзандагӣ юҷойгир буд, шаби якшанбе ба вуқӯъ пайваст. Оташсӯзӣ тақрибан соати яки шаб ба вақти Маскав хомӯш карда шуд. Ҳангоми сӯхтор як бахши бино фурӯ рехт.

Баъд аз пайдо шудани се ҷасади аввалин аз рӯи банди “куштори ду ва аз ин бештари одамон” парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи тартибот ба Интерфакс гуфт, ки ҳадс зада мешавад, ки бино барқасдона оташ зада шудааст. Баъд аз ин парвандаи ҷиноӣ тағйир хӯрд ва акнун муфаттишон қазияи барқасдона нобудсозии моликиятро, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги одамон шудааст, тафтиш мекунанд. Дар ин бора ба Интерфакс намояндагии Кумитаи тафтишот дар шаҳри Маскав хабар дод.

XS
SM
MD
LG