Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Комилов бо Рашид Олимов


Рашид Олимов, Дабири Кулли Созмони ҳамкории Шонгҳой

Рашид Олимов, Дабири Кулли Созмони ҳамкории Шонгҳой

Абдулазиз Комилов-вазири корҳои хориҷаи Узбакистон, ки барои боздиди корӣ дар Чин қарор дорад, дар Пекин бо Рашид Олимов-Дабири Кулли Созмони ҳамкории Шонгҳой мулоқот кард. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон ба матбуот хабар додааст.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо барномаҳои омодагӣ ба ҷаласаи раҳбарони кишварҳои узвро баррасӣ карданд. Ин ҷаласа моҳи июни соли 2016 дар Тошканд баргузор мешавад.

Ҳайати Узбакистон ба раҳбарии Абдулазиз Комилов аз 27 то 29 январ аз Чин боздид мекунад.

Ҳоло Чину Қазоқистон, Русияву Қирғизистон, Тоҷикистону Узбакистон узви Созмони ҳамкории Шонгҳой мебошанд. Афғонистону Эрон, Муғулистону Беларус кишварҳои нозир мебошанд. Туркияву Шриланка, Арманистону Озарбойҷон ва Камбоҷаву Непал тарафҳои ҳамкор барои музокира мебошанд.

Молҳи июли соли 2015 дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узв тасмим гирифта шуд, ки Ҳиндустону Покистон ба узвияти ин созмон пазируфта шаванд. Раёати ин созмонро ҳоло Узбакистон дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG