Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шветсия 80 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ мекунад


Шветсия тақрибан 80 ҳазор муҳоҷири соли гузашта вориди кишвар шуда ва аммо барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ ҷавоби рад гирифтаро ихроҷ мекунад. Дар ин бора вазири умури дохилии Шветсия Андерс Йгеман, рӯзи 28 январ хабар дод ва афзуд, гап сари 60 ҳазор муҳоҷир меравад ва аммо шумораи онҳо метавонад то 80 ҳазор нафар афзоиш ёбад.

Аҳолии Шветсия тақрибан 10 миллион нафар аст ва соли гузашта ба ин кишвар беш аз 160 ҳазор муҳоҷирону фирориён аз Афғонистон, Покистон, Ироқ ва Сурия ворид шуданд. Ба мақомоти муҳоҷиратӣ беш аз 60 ҳазор ариза ворид шуд ва мақомоти тақрибан 55 дар сади онҳоро пазируфтанд.

Вуруди муҳоҷирон ба Шветсия баъд аз он коҳиш ёфт, ки шурӯъ аз 4 январ мақомоти кишвар аз онҳо ироаи санади шахсӣ бо аксро талаб карданд.

XS
SM
MD
LG