Пайвандҳои дастрасӣ

46 гурӯҳи таблиғотии зидди ДИИШ дар Душанбе


Яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе

Яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе

Ҳукумати Душанбе барои мубориза алайҳи ифротгароӣ 46 гурӯҳи таблиғотӣ ташкил кардааст. Шавкат Саидов - сухангӯи ҳукумати Душанбе гуфт, ки аз ноҳияҳои пойтахт 110 нафар ба Сурия ва Ироқ рафтаанд ва ин гурӯҳҳои тарғибӣ бо хонаводаҳои онҳо сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд. Бақ авли ӯ, чунин суҳбатҳо бо сокинони маҳаллаҳое, ки аз он ҷо ҷавонон ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд, низ сурат мегирад.

“Мо маҳаллаҳои осебпазирро интихоб кардем ва ин гурӯҳҳои корӣ, ки иборат аз нафарони дорои касбу кори гуногун ҳастанд, рафта бо сокинон сӯҳбат мекунанд. Ҳадафи ин гурӯҳҳо бо роҳи фаҳмондан ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ҳаст,” -- афзуд ӯ.

Ҷамила Лангариева, муовини раиси шаҳри Душанбе гуфт, зимни як санҷиш маълум шуд, ки 148 масҷид дар Душанбе ғайриқонунӣ фаъолият мекунад. Ӯ гуфт, ҳоло 48 масҷид, ки ба ягон талаботи сохтмонӣ ҷавобгӯ набуданд, тахриб шуда, биноҳои боқимонда пас аз ҳалнома ё ҳукми додгоҳ сарнавишташон маълум хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG