Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳи панҷнафари дуздҳо дар марзи миёни Юнону Македония як муҳоҷири покистониро ба қатл расониданд. Дар ин бора рӯзи 26 январ полиси Юнон хабар дод.

Ҳодиса як рӯз пеш дар он қитъаи марзи ду кишвар рӯй дод, ки ҳамарӯза ҳазорон муҳоҷирон ҷамъ омада, талоши идомаи сафар ба шимоли Аврупо ва Скандинавияро мекунанд. Ба иттилои расмӣ, ду покистонии дигар дар ин ҳамла маҷрӯҳ шудаанд ва дар вазъи сангин ба бемористон интиқол ёфтанд.

Полиси маҳаллӣ ҳадс мезанад, ки ҳамла аз сӯи муҳоҷирони афғон сурат гирифтааст. Дар робита ба ин ҳодиса то ҳол касе боздошт нашудааст. Расонаҳои юнонӣ навиштаанд, ки ҳамлагарон 400 евро ва як телефони мобилро дуздидаанд.

Кишварҳои нимҷазираи Балкан соли гузашта вуруди паноҳандагон аз Сурияву Ироқ ва Афғонистон ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупоро маҳдуд карданд. Аз ҳафтаи гузашта Македония гоҳ-гоҳ марзаш бо Юнонро мебандад ва фақат ба паноҳандагоне иҷозаи убур медиҳад, ки хоҳиши ба Олмон ё Австрия рафтанро доранд.

XS
SM
MD
LG