Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон шартҳои музокираро эълон карданд


Толибони Афғонистон феҳристи шарту шароити ширкати худ дар музокироти сулҳи Афғонистонро таҳия кардаанд ва мегӯянд, ба шарте ба муокирот ҳамроҳ мешаванд, ки агар дархостҳои онҳо иҷро гардад. Ин музокирот метавонад ба даргириҳои 15 соли охир дар Афғонистон хотима диҳад.

Тундравҳои Толбон тақозо кардаанд, ки гурӯҳе аз ҷонибдорони онҳо аз зиндонҳо раҳо шаванд. Феҳристи СММ дар бораи бастани ҳисобҳои онҳо лағв шавад ва онҳо ба дороии худ дастрасӣ пайдо кунанд.

Гузашта аз ин, бояд ба раҳбарони онҳо сафарҳои хориҷӣ иҷоза дода шавад ва ташкилоти Толибон ба унвони як ташкилоти сиёсӣ ба таври расмӣ эътироф шавад.

Толибон дар ин дархости худ 24 январ гуфтаанд, ки ин хостҳо қадамҳои муқаддамотӣ дар роҳи сулҳ аст. Онҳо таъкид кардаанд, ки “бидуни ин пешрафт дар музокироти сулҳ имконпазир нест”.

XS
SM
MD
LG