Пайвандҳои дастрасӣ

Миллиардери дигар вориди сабқати интихоботӣ мешавад


Майкл Блумберг дар миёна

Майкл Блумберг дар миёна

Майкл Блумберг-шаҳрдори пешини Нию Йорк ва миллиардери маъруф мехоҳад номзадиашро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико чун номзади мустақил пешбарӣ кунад.

Рӯзи шанбе рӯзномаи The New York Times навишт, Блумберг ба ёварони худ дастур додааст, ки нақшаҳои маъракаи пешазинтихоботии вайро таҳия кунанд.

Ба ин нашрия маълум шудааст, ки Блумберги 73 сола омода аст, то дар маъракаи интихоботии худ на камтар аз як миллиард доллар сарф кунад. Вале тасмими ниҳоӣ дар аввали моҳи март эълон хоҳад шуд.

Бино ба яке аз таъбирҳои пешниҳодкардаи мушовирони маъракаи интихоботии вай, Блумберг ҳамчун технократ шахсест, ки метавонад ҳар масъаларо ҳал кунад, зеро вай соҳибкоре мебошад, ки ҳамаи дороиашро танҳо бо заҳмати худ ба даст овардаасст.

Мушовири вай мегӯяд. Блумберг иқтисодро хеле хуб мефаҳмад ва гузашта аз ин сиёсатмадоре мебошад, ки таҷрибаи ташкили раҳбарияти дуҳизбиро дар шаҳррдории Нию Йорк доштааст.

XS
SM
MD
LG