Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди кории Сӣ Ҷинпинг аз Эрон


Сӣ Ҷинпинг дар Теҳрон
Сӣ Ҷинпинг дар Теҳрон

Сӣ Ҷинпинг-раиси ҷумҳури Чин дар Теҳрон бо мақомоти раҳбарии Эрон мулоқот ва бо онҳо музокироти сиёсиву иқтисодӣ анҷом дод. Вай 22 январ бо Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон ва дар поёни ҳамин рӯз бо Оятулло Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Мақомоти Эрон мегӯянд, ки дар ҷараёни боздиди Ҷинпинг 16 қарордод имзо шудааст ва дар ин сафар раҳбари Чинро 3 муовини нахуствазир ва шаш вазири кобина ҳамроҳӣ кардаанд.

Чин харидори аслии нафти Эрон ба шумор меравад. Тиҷорати миёни ин ду кишвар дар соли 2014 ба 52 миллиард доллар расид вале дар соли гузашта ба сабаби поин рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ то андозае камтар шуд.

Сӣ Ҷинпинг нахустин раҳбари як кишвари муҳими ҷаҳон аст, ки баъд аз лағви таҳримҳои Ғарб бар зидди Эрон аз ин кишвар боздид мекунад. Ин таҳримҳо 16 январ бар асоси тавофуқот бо шаш қудрати ҷаҳонӣ дар ивази маҳдудияти барномаҳои ҳастаии Эрон аз миён бардошта шуд.

Ҷинпинг ҳамчунин дар 14 соли охир аввалин раҳбари Чин аст, ки аз Эрон боздид мекунад. Қабл аз боздид аз Эрон Ҷинпинг аз Арабистони Саъудӣ ва Миср боздид кард.

XS
SM
MD
LG