Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати хориҷӣ қариб 1млрд $ кам шудааст


Алюминий маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон боқӣ мемонад
Алюминий маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон боқӣ мемонад

Бино ба гузориши Оҷонсии омори Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2015 назар ба як соли қабл 18 дарсад, ё қариб 950 миллион доллар коҳиш ёфта, 4,3 миллиард долларро ташкил додааст. Беш аз 60 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, ё 2,6 миллиардаш танҳо бо се кишвар – Русия (1,1 миллион доллар), Чин (793 миллион доллар) ва Қазоқистон (702 миллион доллар) сурат гирифтааст. Тавозуни байни содирот ва воридоти Тоҷикистон низ дар соли 2015 низ шадидан манфӣ боқӣ мондааст. Содироти молҳои Тоҷикистон ба хориҷ дар соли гузашта 890 миллион долларро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон дар як соли охир ба 3,4 миллиард доллар расидааст, яъне қариб 4 маротиба бештар аз ҳаҷми содироти ин кишвар.

XS
SM
MD
LG