Пайвандҳои дастрасӣ

20 январ порламони Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз қатъи созишномаҳо бо Русия роҷеъ ба сохтмон ва фаъолияти ду ниругоҳи барқи обӣ-ниругоҳи Норини боло ва Қамбарота 1 рай дод.

Нурлан Содиқов-муовини вазири иқтисоди Қирғизистон баъд аз райдиҳӣ ба намояндагони порламон гуфт, ки Бишкек 37 миллион доллар пули ширкатҳои Русияро, ки то ҳол дар ин сохтмонҳо сармоягузорӣ кардаанд, бо пайдо шудани сармоягузори нав бармегардонад.

Содиқов гуфт, қарордодҳо барои он қатъ мешавад, ки “Русия барои сармоягузорӣ маблағнадорад”.

Моҳи гузашта, Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт, дар натиҷаи поин рафтани арзиши нафт ва таҳримҳои иқтисодии Ғарб иқтисоди Русия заиф шудааст ва Қирғизистон маҷбур аст сармоягузори нав ҷустуҷӯ кунад. Тарҳи ин сохтмонҳо 3,2 миллиард доллар арзиш дорад.

XS
SM
MD
LG