Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Озарбойҷон рӯзи 19 январ бастаи чораҳоеро пазируфт, ки барои рафъи бӯҳрони иқтисодиву молиявӣ бино ба коҳиши нархи маводи сӯхт равона шудаанд. Бастаи чораҳо аз сӯи раиси Бонки Марказӣ Элмон Рустамов пешниҳод шуд.

Тасмим дар бораи ислоҳоти иқтисодӣ баъд аз эътирозҳои мардумӣ алайҳи коҳиши қимати манат, пулии миллии Озарбойҷон ва афзоиши нарху наво дар бозорҳо гирифта шуд.

Тарҳи зиддибӯҳронии ҳукумати Озарбойҷон, аз ҷумла, ҷорӣ кардани андози 20 дар сада ба интиқоли асъори хориҷӣ барои сармоягузорӣ берун аз кишварро пешбинӣ кардааст. Чораҳои андешидаи ҳукумат, ба гуфтаи раиси Бонки Марказӣ, барои ҳифзи эътидоли иқтисодӣ муҳиманд.

Аз нафт саршор шудани бозор боиси он гардид, ки тайи 18 моҳи ахир нархи ин маводи сӯхт 70 дар сад коҳиш ёфт ва ба буҷаи кишварҳое чун Озарбойҷон, ки вобаста аз содироти нафтанд, осеб зад.

XS
SM
MD
LG