Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони Миллали Муттаҳид хостори ба таври оҷил аз шаҳри Мазойёи Сурия берун кардани аҳолии мувоҷеҳ ба гуруснагӣ шуд.

Стивен О'Брайан, раиси Идораи СММ оид ба кӯмаки башарӣ, рӯзи 11 январ, баъд аз нишасти Шӯрои амният гуфт, бояд аз ин шаҳр тақрибан 400 нафарро, ки ба кӯмаки фаврии тиббӣ ниёз доранд, ба дигар мавзеъ интиқол дод. Ӯ аз ошӯбгарон, ки шаҳрро таҳти назорат доранд ва нерӯҳои ҳукуматии Сурия, ки Мазойёро ним сол боз дар муҳосира гирифтаанд, даъват кард то интиқоли бехатари афроди бар асари гуруснагӣ дар вартаи марг қарордоштаро таъмин кунанд.

Ба иттилои созмони “Табибони бидуни марз”, аз 1 декабри соли гузашта ба ин сӯ дар Мазойё бар асари гуруснагӣ 28 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх рӯзи душанбе ба ин шаҳр дар 44 мошини боркаш маводи озуқа ва дигар кӯмаки башарӣ фиристод. Гуфта мешавад, ки тақрибан 40 ҳазор сокини Мазойё, шаҳри воқеъ дар наздикиҳои марзи Лубнон, ба хотири зинда мондан алаф ва ҳайвоноти хонагиро истеъмол мекунанд.

XS
SM
MD
LG