Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулол раиси парлумони Миср интихоб шуд


Алӣ Абдулол, мутахасиси масоили конститутсионӣ. рӯзи 10 январ дар нахустин ҷаласа баъд аз интихоботи соли гузашта дар курсии раиси парлумони Миср нишаст. Раҳбари нави парлумони Миср соҳиби унвони доктори донишгоҳи Сорбонни Порис аст.

Алӣ Абдулол дар сурати корношоямии раисиҷумҳури феълӣ Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ то интихоботи нави президентӣ ваколатҳои сарвари давлатро бар дӯш мегирад.

Раиси нави парлумон дар таҳияи Қонуни асосии феълӣ ва қонуни ҷадиди интихоботи Миср ширкат дошт.

Парлумони нави Миср се сол баъд аз пароканда кардани парлумони пешин ба фаъолият шурӯъ кард. Додгоҳ соли 2012 қонунҳои қабулкардаи парлумонро, ки дар он исломгароҳо аксариятро ташкил медоданд, бекор намуд. Раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ, ки аз ӯ ҷунбиши “Ихвон-ул-Муслимин” пуштибонӣ мекард, моҳи июли соли 2013 аз сӯи низомиёни таҳти фармони генерал Ас-Сисӣ аз мақом барканор шуд.

XS
SM
MD
LG