Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳзода бини Салмон: Бо Эрон ҷанг намекунем


Шоҳзода Муҳаммад бини Салмон
Шоҳзода Муҳаммад бини Салмон

Арабистони Саъудӣ ба ҷанг бо Эрон иқдом нахоҳад кард. Шоҳзода Муҳаммад бини Салмон, вазири дифои кишвар, рӯзи 7 январ гуфт, ҷанг бо Эрон ибтидои фоҷиаи бузург хоҳад шуд ва ҳеҷ нафари соҳибақл инро қабул надорад.

Дар ҳамин ҳол дар олами ислом низоъ дар робита ба эъдоми рӯҳонии шиа шайх Нимр ан-Нимр аз сӯи Ар-Риёз ва ҳамла ба намояндагиҳои Арабистони Саъудӣ дар Эрон амиқтар мешавад. Сомалӣ рӯзи панҷшанбе робитаҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ кард. Дар изҳороти вазорати умури хориҷаи кишвар гуфта шудааст, ки ин тасмим – вокуниш ба дахолати пайвастаи Теҳрон ба умури Сомалӣ аст. Аммо дар изҳорот далелҳои мушаххаси дахолат оварда нашудаанд.

Баъд аз эъдоми шайх ан-Нимр, ки рӯзи 2 январ ба вуқӯъ пайваст, садҳо эронии хашин ба сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон ва консулгарии кишвар дар Машҳад ҳамла карданд. Ин ҳамлаҳо боиси он шуданд, ки Арабистони Саъудӣ робитаҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ кард. Ба думболи ин Баҳрайн ва Судон ҳам аз лағви робитаҳо бо Эрон хабар доданд, Аморати Муттаҳидаи Араб сатҳи муносибатҳои дипломатӣ бо Теҳронро пойин бурд. Кувайт рӯзи 5 декабр хабар дод, ки сафирашро аз Теҳрон бозхондааст.

XS
SM
MD
LG