Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кормандони Хадамоти ҳифзи соҳил ва моҳигирҳои турк рӯзи 3 январ 57 паноҳандаеро наҷот доданд, ки дар талоши вуруд ба Юнон дар як ҷазираи хурди наздикиҳои шаҳри фароғатии Дикилӣ дармонда буданд. 12 нафар, аз ҷумла, се кӯдак тавассути чархбол ба ҷойи амн интиқол дода шуданд. Дигарҳоро тавассути қаиқҳои моҳигирон ба соҳил расонданд, зеро харсангҳои бузурги соҳил имкони ҳаракати киштиҳои наҷотбахширо намедиҳанд.

Мақомоти Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо ваъда доданд, ки назорати соҳилҳои кишварро тақвият мебахшанд, то аз мавҷи бузурги паноҳандагон тавассути баҳр ба қораи Аврупо ҷилавгирӣ шавад. Соли гузашта садҳо паноҳандагони асосан суриягӣ тавассути Туркия вориди Юнон шуданд.

Бо вуҷуди ваъдаи Анкара ва ҳавои сард паноҳандагон тақрибан ҳар рӯз талоши аз тариқи баҳр ба Аврупо рафтанро мекунанд.

XS
SM
MD
LG