Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани "саррофон"


Тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни маъмурӣ ва ҷиноии Тоҷикистон, ки ба ҷавобгарӣ кашидани "саррофон"-ро дар назар дорад, ба ҳукумат пешниҳод шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодаш барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани афродеро, ки берун аз ҳудуди бонкҳо ба ивази асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллари Амрико машғуланд, ба ҳукумат фиристодааст. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон, 30 декабр дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин пешниҳод дар тарҳи иловаҳо ба қонуни маъмурӣ ва ҷиноии кишвар хулоса шуда, танҳо баъд аз тасвибаш аз сӯи ҳукумат ва парлумон мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.

Ӯ афзуд, "ин тарҳ пешниҳоди мост. Ҳоло маълум нест, ки оё аз сӯи ҳукумат ва парлумон пазируфта хоҳад шуд ё на. Вале ҳадафаш пурзӯр кардани ҷавобгарии шахсони воқеӣ барои ғайриқонунӣ анҷом додани амалиёти мубодилавӣ ва истифодаи асъори хориҷӣ аст."

Пешниҳоди ҷазои сахттар барои муомилоти ғайриқонунӣ бо "доллар"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Абдуғаффор Қурбонов дар идома гуфт, ки шеваи ба ҷавобгарӣ кашидан, аз ҷумла андозаи ҷаримаву боздошти ба ном “саррофон”-ро ниҳоди қонунгузорӣ муқаррар хоҳад кард.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи масоили қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз ин пешниҳоди Бонки миллӣ ба Порлумон ворида нашудааст. Ватанов мегӯяд: “Бар асоси моддаи 286-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ манъ аст. Барои бори аввал содир кардани додугирифт бо асъори хориҷӣ ҷарима пешбинӣ шуда, дар сурати такрори ин амал дар давоми як сол он ҷиноят ҳисоб меёбад. Нисбати он шахс парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.”

Бар асоси моддаи 286-и Қонуни ҷиноӣ додугирифт бо асъори хориҷӣ бо роҳи харидан, фурухтан, иваз ё истифода кардани он ба сифати дигари воситаҳои пардохт истифода шавад, ҷазо ба андозаи аз ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал пешбинӣ шуда, дар сурати такроран содир кардани он ҷазо ба шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол пешбинӣ шудааст.

Тайи як моҳи охир тамоми саррофиҳо ё нуқтаҳои мубодилаи асъор дар кишвар баста шуда, бар асоси як дастури Бонки миллӣ танҳо бонкҳо, нуқтаҳои интиқоли пул ва созмонҳои қарздиҳӣ ҳаққи ивази асъори хориҷиро доранду бас. Ин тасмим баъд аз якбора болоравии қурби доллар дар кишвар гирифта шуд ва мақомот саррофонро дар ин кор айбдор дониста, то кунун дар пайи санҷиши якҷояи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Додситонии кулл ҳудуди чиҳил нафари онҳоро ҷарима карданд.

Ҳоло дар бонкҳои кишвар 100 доллар ба 700 сомонӣ ва ё аз он камтар баробар аст, аммо бархе аз корфатодаҳо мегӯянд, ки ҳарчанд фурӯши долларашон содда аст, аммо харидаш хеле ба сахтӣ даст медиҳад ё аслан имконпазир нест. Ин аст, ки ба қавли корафтодаҳо ҳанӯз бозори ғайрирасмии ивази асъор вуҷуд дорад ва ва 100 доллар дар ин бозорҳо ба ивази 750-760 сомонӣ харидуфурӯш мешавад. Иттилое, ки Бонки миллӣ рад мекунад.

Дар моҳи майи соли равон дар пайи афзоиши босуръати қурби доллару евро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тамоми раҳбарони Бонки миллӣ, бо шумули раиси он ва ҳамаи муовинонашро барканор кард. Раҳбарияти нав дар тӯли чанди гузашта тавонист то ҷое беқурбшавии сомониро боздорад.

Вале иқтисоддонҳо мегуфтанд, ҳифзи қурби сомонӣ асосан бо чораҳои маъмурие, чун манъ кардани бонкҳо аз интихоби қурби болотар аз қурби расмӣ, аз бозори асъор рондани саррофони хусусӣ мисли “пуфак”-ест, ки як рӯз метавонад битаркад.

XS
SM
MD
LG