Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА аз ҳавои номусоид 40 кас ҷон бохт


Баъд аз торнадо
Баъд аз торнадо

Теъдоди қурбониёни ҳавои номусоид дар ИМА аз марзи 40 нафар убур кард. Дар аёлати Техас бар асари торнадо ва садамаҳое нақлиётие, ки дар пайи он рӯй доданд, дасти кам 11 нафар ҷон бохтанд. Дар аёлатҳои Миссури ва Иллинойс обхезӣ боиси марги 13 нафар шуд.

Торнадо дар Техас рӯзи шанбе, 26 декабр аз шаҳри Даллас ва атрофи он шурӯъ шуд – дар ин минтақа садҳо хона осеб дида, баъзеи онҳо комилан тахриб шуданд. Шамоли сахт бомҳои хонаҳоро канда, дарахтҳоро нагун сохт ва хатти барқро хароб кард. Фурудгоҳи Даллас, яке аз сермусофиртарин фурудгоҳи кишвар, парвозҳоро мутаваққиф намуд.

Бар пояи хабарҳо, дар аёлатҳои Миссисипи, Теннеси, Арканзас ва Алабама 18 нафар қурбонии ҳавои номусоид шудаанд.

Хадамоти миллии ҳавосанҷии ИМА ҳушдор дод, ки ин гуна вазъи ҳаво боз чанд рӯзи дигар боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG