Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: Обрӯи исломро бояд эҳё кунем


Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, мегӯяд, мусалмонҳо бояд барои эҳёи обрӯи дини худ, ки аз аъмоли гурӯҳҳое чун “Давлати исломӣ” осеб дидааст, талош кунанд. Ӯ дар як конфаронси исломӣ дар Теҳрон, ки рӯзи якшанбе аз тариқи телевизиони давлатии Эрон пахш шуд, изҳор намуд, бузургтарин вазифаи мо - ислоҳ кардани тасвири ислом дар зеҳни оламиён аст. Оё мо ягон вақт тасаввур мекардем, ки ба ҷойи душманонамон як гурӯҳи хурд аз олами ислом бо истифода аз забони ислом дини мубини моро чун дини қотилон, хушунат, беадолатӣ муаррифӣ мекунад, суол кард ӯ дар ин нишаст.

Ҳасани Рӯҳонӣ аз кишварҳои исломӣ ҳам интиқод кард, ки дар баробари куштору хунрезӣ дар Сурия, Ироқ ва Яман сукутро ихтиёр карданд.

Эрон аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад пуштибонӣ мекунад ва яке аз ҳампаймонҳои шибҳанизомиёни шиамазҳаби ҳӯсӣ дар Яман аст, ки қаламрави бузурги ин кишварро ишғол карда, алайҳи Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ меҷанганд.

Ҳасани Рӯҳонӣ Арабистони Сауъдиро дарпуштибонии фақру терроризм, бомборони ошӯбгарони ҳӯсӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Димишқ айбдор кард.

XS
SM
MD
LG