Пайвандҳои дастрасӣ

Украина бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ба созиш расидаанд, ки дар рӯзҳои ҷашни Милоди Масеҳ оташбасро риоят кунанд. Ин оташбас аз шаби 22 декабр оғоз шуд. Дарка Олифер-сухангӯи ҳайати музокироти Украина гуфт, ин созиши нав дар ҷараёни даври ахири музокироти сулҳ дар Минск-пойтахти Беларус ба даст омадааст.

Дарка Олифер гуфт, «мо дар бораи оташбаси комил ва бе чуну чаро ба тавофуқ расидем ва он аз соати 00:00 шаби 22 ба 23 декабр оғоз меёбад». Олифер сухунгӯи Леонид Кучма-узви ҳайати музокирот ва раиси ҷумҳури пешини Украина аст ва ин нуктаро дар сафҳаи Facebook-и худ навиштааст.

Мартин Саҷдик-фиристодаи САҲА гуфт, “Ин ташаббус аслан барои аҳолии минтақаи зери контроли ҷудоихоҳон ат, то онҳо битавонанд ҷашни Милоди Масеҳ ва Соли Навро дар шароити сулҳ баргузор кунанд”.

Намояндаи минтақаи ҷудоихоҳи Луҳанск низ гуфт, ки ин созиш зарур аст, зеро тавофуқи оташбасс ҳар вақт дар ин минтақа вайрон мешавад.

XS
SM
MD
LG