Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунира Шаҳидӣ: Мусиқии минтақаро ба оламиён муаррифӣ мекунем


Дар Тоҷикистон ҳамоише ба хотири ошно кардани оламиён бо осори оҳангсозони муосири қаламрави ҳошияи Роҳи нави абрешим, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд.

Мунира Шаҳидӣ, яке аз созмондиҳандагони ҳамоиш ва раиси Осорхонаи фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 22 декабр гуфт, омодагиҳо ба ҳамоиши “Мусиқии муосир – пайвандгари роҳҳои дӯстӣ”, ки қарор аст баҳори соли оянда баргузор шавад, аз ҳоло шурӯъ шудааст. Мо ният дорем, ки мусиқии қаламрави ҳошияи Роҳи бузурги абрешим, ва пеш аз ҳама, кишварҳои Осиёи Марказиро ба оламиён ошно кунем, зеро онҳо бо маҳсули оҳангсозони ин минтақа тақрибан ошно нестанд ва мусиқии муосири Осиёи Марказӣ ба барномаи таълимии донишгоҳҳои ҷаҳонӣ ворид нашудааст, мегӯяд ӯ. Маҳз ба ҳамин хотир ба ҳамоиш, ки илмӣ хоҳад буд, муҳаққиқон, донишмандон, мусиқидонҳо ва оҳангсозон аз Русия, Чин, Ҳиндустон, қораи Аврупо ва Осиёи Марказӣ даъват шудаанд.

Мунира Шаҳидӣ меафзояд, нақшаи Роҳи нави абрешим аз Чин шурӯъ шуда, тавассути Осиёи Марказӣ то ба Аврупо мерасад ва дар ҳамоиш дар он бора ҳам сухан хоҳад рафт, ки мардуми ҳошияи ин роҳ дар тамаддуни имрӯза чӣ нақш доранд.

Ба ҳамоиши Душанбе асосан оҳангсозони насли миёна ва ҷавон даъват мешаванд, зеро онҳо, ба вижа, оҳангсозони ҷавон бо эҷодиёти ҳамдигар чандон огаҳ нестанд. Мо мехоҳем платсдарме созем, ки барои ҳамкорӣ ва эҷодиёти оҳангсозони кишварҳои Роҳи нави абрешим мусоидат намояд ва он ҷо онҳо табодули назар кунанд, мегӯяд хонум Шаҳидӣ.

Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, ки дар ҳамоиши Душанбе Фарангис Ализода аз Боку, Янов Яновский аз Тошканд, устоди Консерваторияи Маскав Маргарита Каратигина, ки соли гузашта ба шарафи садсолагии устод Зиёдулло Шаҳидӣ “мизи гирд” ва консерти ҷолибе ташкил карда буд, ва дигар афроди маъруф ширкат кунанд.

Гуфта мешавад, ҳамоиш аз бузургтарин чорабиниҳои фарҳании соли оянда дар пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд.

Зиёдулло Шаҳидӣ, ки ҳамоиши мусиқии Душанбе ба ҷашни садсолии ӯ бахшида мешавад, аз аввалин афроде буд, ки мусиқии миллии тоҷикиро бо созу навои симфонии аврупоӣ омезиш дод ва дар навиштани опера маъруф шуд. Нахустин асари бузурги ӯ-операи “Комде ва Мадан” соли 1961 дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ рӯи саҳна омад. Ин асарро баъдан дар театрҳои Ӯзбакистон, аз ҷумла дар зодгоҳи оҳангсоз - шаҳри Самарқанд ҳам ба саҳна гузоштаанд.

Зиёдулло Шаҳидӣ муаллифи достонҳои симфонии «Бузрук», «Симфонияи макомҳо». достони вокалӣ-симфонии «Ибни Сино» ва дигар асарҳои бузурги мусиқист ва барои чандин намоишномаи театрӣ оҳанг офаридааст. Ӯ дар ҳамкорӣ бо дигар оҳангсозон барои филмҳои «Писар бояд зан гирад», «Дӯстам Наврӯзов», «Марги судхӯр», ва «Ҳеҷ будагон» оҳанг эҷод кардааст. Зимнан, оҳангҳо барои ду филми охирро бо ҳамроҳ бо писараш Толиб Шаҳидӣ офаридааст, ки аз оҳангсозони маъруфи муосири тоҷик маҳсуб мешавад.

Анъанаи оҳангсози маъруфро наберааш Табриз Шаҳидӣ идома медиҳад, ки айни ҳол муассис ва раиси ширкати «Империяи мусиқӣ» (Русия), созмондиҳандаи консертҳо ва продюсери тарҳҳои мусиқӣ аст.

XS
SM
MD
LG