Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раводиди Чину Қирғизистон лағв намешавад


Темур Сариев

Темур Сариев

Қирғизистон ва Чин дар бораи қатъи низоми омадурафти бораводид музокирот накардаанд. Дар ин бора нахуствазир Темир Сариев дар ҷараёни сӯҳбати мустақим дар барномаи радиои "Биринчи радио" хабар дод.

Ба гуфтаи вай назари вазири иқтисод Арзибек Кожошев дар бораи эҳтимоли роҳандозии низоми омадурафти бевиза бо Чин ба мардум дар шакли нодуруст расонида шудааст.

Сариев афзуд, ки низоми ҳозираи омадурафт ҳарду ҷонибро қонеъ мекунад. Нахуствазир аз муқаррароте ёдовар шуд, ки тибқи он аъзои ҳукумат пеш аз шарҳи масъалаҳои байналмиллалӣ вазифадоранд бо ВКХ машварат кунанд.

Ҳафтаи гузашта вазир Кожошев ба хабарнигорон аз эҳтимоли бекор шудани раводиди сафари Чин хабар дод. Вай гуфта буд, ки ҳоло дар ин замина гуфтушунид идома дорад.

Ба иттилои расмӣ ҳоло дар Қирғизистон қариб 20 ҳазор шаҳрванди Чин зиндагӣ мекунад. Аммо коршиносон бар инанд, ки миқдори воқеии чиниҳо дар кишвар бамаротиб бештар аз омори расмист.

XS
SM
MD
LG