Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаи синамои Эрон дар Тоҷикистон


Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба ибтикори Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии Эрон дар ин кишвар Ҳафтаи синамои Эрон шурӯъ шуда ва то рӯзи 27 декабр идома хоҳад дошт.

Сафари Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “қарор аст, маросими расмии ифтитоҳи “Ҳафтаи синамои Эрон” соати 13 дар толори Иттифоқи синамогарон баргузор шавад."

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳақдод, дар маросими ифтитоҳи Ҳафтаи синамои Эрон масъулони сафорати Эрон дар Душанбе, фарҳангиёну синамогарони тоҷику эронӣ ширкат мекунанд.

Ба иттилои ҷаноби Ҳақдод, ҳафтаи синамои Эрон аз имрӯз шурӯъ шуда ва то таърихи 27 декабр, муддати 7 рӯз идома хоҳад кард, ки ҳар рӯз як филми ҳунарии сохти эронӣ ду маротиба ба намоиш гузошта мешавад.

Ба ин тартиб, қарор аст, “Ҳафтаи синамои Эрон” бо намоиши филми ҳунарии коргардон Маҷиди Маҷидӣ – “Овози гунҷишкакҳо” шурӯъ шуда ва бо филми “Панҷ ситора” –и Машҳад Афшорзода ба поён расад.

“Ҳафтаи синамои Эрон”, ки дар чорчӯби густаришу тақвияти равобиту ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон сурат гирифта ва ба гуфтаи Сафари Ҳақдод, дар ин чорабинии фарҳангӣ маҳсули насли сеюми синамогарони эронӣ, ки умдатан ҷавон ҳастанд, ба хусус коргардонҳо Ризо Миркаримӣ, Манучеҳри Ҳодӣ, Алии Вазириён, Нозири Мирӣ ва дигарон ба намоиш гузошта мешавад.

Дар чанд соли ахир, чандин филму намоишномаҳои коргардонҳои тоҷик, ба хусус филмҳои ҳунарии “Қиёми рӯз” ва “Муаллим”дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Эрон ширкат карда ва соҳиби ҷоиза шудаанд.

XS
SM
MD
LG