Пайвандҳои дастрасӣ

Ваколати нави Додгоҳи конститутсионии Русия


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 15 декабр зери қонуне имзо гузошт, ки ба Додгоҳи Қонуни асосӣ иҷоза медиҳад то ҳукми додгоҳҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башарро, дар сурати хилофи Қонуни асосии Русия буданашон, “ғайри қобили иҷро” эътироф кунад.

Тағйироту илова ба тарҳи қонун “Дар бораи Додгоҳи конститутсионӣ дар Федератсияи Русия” рӯзи 4 декабр аз сӯи Думаи давлатӣ қабул ва рӯзи 9 декабр аз сӯи Шӯрои Федератсия тасвиб шуда буд.

Алайҳи ин тарҳ фақат вакили Думаи давлатӣ Дмитрий Гудков раъй дод ва изҳор намуд, ин тағйирот ба мақомоти Русия имкон медиҳад то худашон шоҳу табъашон вазир бошад ва кори дилхоҳашонро анҷом диҳанд.

Моҳи июли соли равон Додгоҳи Қонунии асосии Русия эълом дошт, иҷрои қарорҳои Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар сурати “халалдор шудани ҳуқуқҳои асосии конститутсионии шаҳрвандон” ҳатмӣ нест.

XS
SM
MD
LG