Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳбарони Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон ба сохтмони лӯлаи газе, ки норасоии сӯзишвориро кам ва нофаҳмиҳоро дар Осиёи Ҷанубӣ бартараф мекунад, оғоз бахшиданд.

Дар расми оғози ин тарҳи 10-миллиарддолларӣ дар саҳрои Қароқум, наздикии шаҳри Марви Туркманистон, президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, сарвазири Покистон Навоз Шариф ва ноиб-президенти Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ ширкат доштанд.

Интизор меравад, лӯлаи гази ТАПҲ солона то 33 миллиард метри мукааб газ хоҳад гузаронд. Дарозии он 1735 км буда, кони Галкиниши вилояти Марви Туркманистонро ба воситаи Ҳироту Қандаҳори Афғонистон ба шаҳрҳои покистонии Квет ва Мултон ва аз он ҷо ба Фазилкаи Ҳиндустон пайваст мекунад. Кишварҳои шомили тарҳ, сарфи назар аз нофаҳмиҳо миёни Деҳливу Кобул бо Исломобод, борҳо зикр кардаанд, ки ба ин тарҳ содиқанд.

XS
SM
MD
LG