Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Порачинор 17 нафар ҷон бохтанд


Бино ба гузоришҳо, дар таркиши баме дар як бозори марзии Покистон бо Афғонистон 17 нафар кушта, беш аз 50 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, ки 13 декабр ин таркиш дар бозори шаҳраки Порачинор замоне рух дод, ки мардуми зиёд барои харид ба бозор омада буданд.

Гурӯҳи тундрави Лашкари Ҷангвӣ масъулияти ин таркишро бар дӯш гирфтааст. Порачинор маркази минтақаи қабиланишини Куррам аст ва борҳо ба саҳнаи даргириҳои мазҳабии байни пайравони шиа ва суннӣ табдил ёфтааст.

Ҳамлаҳои маргталабона ва таркишҳо даҳҳо нафарро дар ин минтақа ба қатл расондааст. Низомиёни Покистон дар Куррам мунтазам амалиёти низомӣ анҷом медиҳанд, то ин минтақаро аз шӯришиён пок ва аз контроли онҳо хориҷ кунанд.

XS
SM
MD
LG