Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи дастаҷамъиро ба Кохи Сафед фиристоданд


Шифохонаи Қундуз баъд аз ҳамлаи ҳавоӣ
Шифохонаи Қундуз баъд аз ҳамлаи ҳавоӣ

Пизишкони бидуни марз як номаи дастаҷамъиро бо 547 ҳазор имзо ба Кохи Сафеди Амрико фиристодаанд ва дархост кардаанд, ки ба ҳамлаи ҳавоии Амрико ба шифохонаи Қундузи Афғонистон расидагии мустақил сурат бигирад.

Дар ҳамлаи 3 октябр ба ин шифохона дастикам 30 нафар кушта шуд, ки 14 нафари онҳо кормандони шифохона буданд. Худи шифохона низ хароб шуд. Ин ягона маркази муолиҷа дар шимоли Афғонистон ба шумор мерафт.

Амрико ва паймони НАТО ба ин ҳодиса расидагиро идома медиҳанд. Бино ба натиҷаҳои муқддамотии ин расидагӣ, фармондеҳон гуфтаанд, ки иштибоҳ рух додааст.

Вале расидагиҳои низомӣ гурӯҳи Пизишкони бидуни марзро қонеъ намекунад. Ин гурӯҳ мехоҳад, ки расидагиро Кумиссиюни байналмиллалии башарӣ анҷом диҳад.

Ҷейсон Коун-мудири иҷроии Пизишкони бидуни марз мегӯяд, “танҳо расидагии комил аз тарафи созмони мустақили байналмиллалӣ метавонад моро қонеъ созад”.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ва Порламони Аврупо низ хостори анҷоми расидагии мустақил шудаанд.

XS
SM
MD
LG