Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Конфронси Бишкек: фишор тундгароӣ ба вуҷуд меорад


Ширкатдорони конфронси Бишкек оид ба тундгароӣ ва ифротгароии динӣ дар Осиёи Марказӣ изҳор доштанд, ки сиёсатзадагии дин барои кишварҳои минтақа асос мешавад, то назорат ва фишорро бар зиндагии мазҳабии сокинон бештар кунанд.

Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки назорати беш аз ҳад боис ба густариши тундгароӣ ва ифротгароӣ мешавад.

Мудири муассисаи ғайридавлатии илмиву омӯзишии «Корвони дониш»-и Тошканд Фарҳод Толибов гуфт, таҷрибаи аврупоии ҷудоии давлат аз дин дар минтақа корношоям аст, зеро дар Осиёи Марказӣ фаҳмиши ҷудоии давлат аз созмонҳои динӣ ҷорӣ аст, на ҷудоии давлат аз дин.

Дар ҳамин ҳол зикр шуд, ки дар Қирғизистон ва Қазоқистон ба фарқ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон равияи салафия зери фишор қарор надорад. Мудири Комисияи давлатӣ оид ба корҳои динӣ дар Қирғизистон Орозбек Молдалиев гуфт, танҳо бо манъ кардан мушкил ҳал нахоҳад шуд, бояд роҳи рӯшангароиро пеш гирифт.

Дар ин конфронс, ки бо пуштибонии Пажӯҳишгоҳ ҷанг ва сулҳ барпо шуд, диншиносон, намояндагони мақомоти давлатӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат доштанд. Ҳадафи он пайдо кардани роҳҳои коҳиши тундгароӣ ва ифротгароӣ дар минтақа унвон шудааст.

XS
SM
MD
LG