Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси қонуни "Пешвои миллат" дар Шӯрои МН


Дар ҷаласаи 7 декабри Шӯрои Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон - баррасии тарҳи қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешвои миллат” баргузор шуд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон гуфт, тарҳи мазкурро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода муаррифӣ кардааст. Ба қавли ӯ, “ин қонун халқро муттаҳид карда, қадршиносӣ аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд”.

Тарҳи қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешвои миллат” аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, дар он мафҳуми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат, салоҳиятҳо, орден ва ҷоизаи давлатӣ, дахлнопазирӣ ва кафолатҳои амнияту таъминоти иҷтимоии пешвои миллат ба низом дароварда шудаанд. Қарор аст, рӯзи 9 декабр тарҳи мазкур дар иҷлосияи навбатии парлумони Тоҷикистон муҳокима ва сипас қабул шавад.

XS
SM
MD
LG