Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳиягарон хостори лағви ҳукми Каримӣ шуданд


Кайвон Каримӣ

Кайвон Каримӣ

137 таҳиягари эронӣ рӯзи 6 декабр бо ирсоли як нома аз мақомоти додгоҳии Эрон дархости ботил кардани ҳукми таҳиягар Кайвон Каримиро намуданд.

Каримӣ, таҳиягари 30-солаи курд, моҳи октябри соли равон аз сӯи додгоҳи инқилобии Теҳрон барои таҳияи филми мустанад доир ба шиорҳои сиёсӣ дар биноҳои пойтахт ба шаш соли маҳбас ва 223 зарбаи шаллоқ маҳкум шуд.

Таҳиягар то баррасии ҳукм дар Додгоҳи таҷдиди назар дар озодӣ мемонад ва дар сурати тасдиқи ҳукм ба зиндон меравад.

Муаллифони нома аз Додгоҳи таҷдиди назар хостори адолат шуда, изҳори умедворӣ кардаанд, ки сӯитафоҳум дар бораи филм ва таҳиягар Кайвон Каримӣ аз байн бурда мешавад.

Дар додгоҳҳои инқилобии Эрон ҳайати додрасҳо мавҷуд нест ва аксар вақт як додрас тайи ҳамагӣ чанд дақиқа ҳукм содир мекунад.

XS
SM
MD
LG