Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: Аз дидор бо Чавушоғлу чизи наве нест


Сергей Лавров ва Малуд Човушоғлу

Сергей Лавров ва Малуд Човушоғлу

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки дар дидораш бо ҳамтои туркӣ Мавлуд Чавушоғлу дар чаҳорчӯби ҷаласаи САҲА дар Белград «ҳарфи наве» нашунидааст.

Дидори 40-дақиқагии раҳбарони ВКХ Русия ва Туркия аз замони суқути ҳавопаймои низомии Русия бо мушаки нерӯҳои ҳавоии Туркия дар рӯзи 24 ноябр нахустини мулоқоти мақомоти ду кишвар буд.

Чавушоғлу интизории инро, ки ҳамаи мушкилоти миёни Анқара ва Москваро як мулоқот метавонад ҳал кунад, ғайривоқеӣ номид. Вай зикр кард, ки ҷонибҳоро зарур аст роҳҳои иртиботӣ миёни ду кишварро боз нигаҳ доранд. Русия тақозо дорад, ки Туркия барои сарнагун кардани ҳавопаймо ва куштори як сарнишини он узрхоҳӣ кунад. Туркия ин иддаоро намепазирад ва пофишорӣ дорад, ки қаламрави кишвари худро муҳофизат мекард. Ба эътиқоди Анқара Москва бояд эътироф кунад, ки ҳавопаймояш марзи Туркияро вайрон карда, чандин ҳушдорро нодида гирифтааст.

Пештар, 3 декабр, сарвазири Туркия Аҳмад Довудоғлу Русияро дар истифодаи навҳаҳои таблиғотии замони шӯравӣ айбдор кард. “Касе ба дурӯғҳои мошини таблиғотии шӯравӣ бовар надорад”, - гуфт вай. Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки ӯро Русия мустақиман дар тиҷорати ғайриқонунии нафт бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” айбдор мекунад, ин иддаоро рад карда ва изҳор дошт, ки худи Москва дар харидуфурӯши нафт бо ДИ шарик аст.

XS
SM
MD
LG