Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади халабони СУ-24 ба Русия интиқол ёфт


Туркия ҷасади халабони ҳавопаймои низомии русии СУ-24-ро, ки ҳафтаи гузашта баъд аз зарбаи мушакии ҳавопаймои туркӣ аз тири ошӯбгарон ба ҳалокат расид, ба дипломатҳои Русия супурд. Бар пояи хабарҳо аз Анкара, ҷасади халабон аз Сурия ба Анкара оварда шуд ва рӯзи 30 ноябр аз пойтахти Туркия ба Русия интиқол ёфт.

Ҳавопаймои СУ-24 рӯзи 24 ноябр баъд аз он ҳадафи зарба қарор гирифт, ки ба иддаои низомиёни турк, дар ҳарими ҳавоии Туркия буд ва баъд аз чанд ҳушдор ҳам фазои кишварро тарк накард. Ду халабони СУ-24 худро тавассути парашют аз ҳавопаймо берун андохтанд ва аммо ошӯбгарони суриягӣ сӯи онҳо оташ кушоданд. Яке аз халабонҳо Олег Пешков кушта шуд.

Суқути ҳавопаймои СУ-24 боиси ғазаби Маскав шуд, ки мегӯяд, ҳавопаймо дар ҳарими ҳавоии Сурия буд. Ин ҳодиса боиси рахна дар робитаҳои миёни Русияву туркия гардид. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ин ҳодисаро ханҷар аз пушт ном ниҳод ва рӯзи 28 ноябр дар бораи таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Туркия амр содир кард.

Аз ин пеш нашрияи The Times навишт, ки шояд интиқоли ҷасад ба раванди оштӣ миёни Маскав ва Анара ибтидо гузорад.

XS
SM
MD
LG