Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Элдар Рязанов аз олам даргузашт


Таҳиягари маъруфи рус ва шӯраии собиқ Элдар Рязанов дар синни 89-солагӣ бар асари маризии қалб аз олам даргузашт. Дар ин бора аҳли хонаводаи ӯ субҳи 30 ноябр ба расонаҳо хабар доданд ва гуфтанд, ки солҳои ахир Рязанов сахт мариз буд. Рӯзи 21 ноябр таҳиягари маъруфро ба бемористон интиқол дода буданд.

Элдар Рязанов, ҳунарманди халқии СССР беш аз сӣ филм, аз ҷумла, "Шаби карнавал”, "Аз автомобил эҳтиёт шавед”, "Романи хизматӣ”, “Гараж”, “Мӯйсафедони ғоратгар”, “Вокзал барои ду нафар”-ро таҳия кардааст, ки миёни мардуми шӯравии собиқ то ҳол маҳбубияти зиёд доранд.

Элдар Рязанов дар шаҳри Самара ба дунё омада, Донишкадаи синаморо хатм кардааст ва тайи чанд сол ба таҳияи филмҳои мустанад машғул буд. Ӯ соли 1956 баъди рӯи пардаи синамо омаданаи мазҳакаи "Шаби карнавал” маъруф шуд. Филми “"Андерсен. Зиндагии бидуни муҳаббат” – охирин асари синамоии Элдар Рязанов буд.

Элдар Рязанов муаллифи чанд китоб ва як дафтари шеър ҳам ҳаст.

Ӯ унвони Ҳунарманди халқии СССР-ро дошт ва барандаи Ҷоизаи давлатии Шӯравии собиқ ва дигар ҷоизаҳои бонуфуз дар бахши синамо шуда буд.

XS
SM
MD
LG