Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду гумонбари терроризм дар Олмон


Дар Берлин ду нафари гумонбар дар таҳияи ҳамлаи террористӣ боздошт шуданд. Полиси шаҳр рӯзи 27 ноябр хабар дод, “гап сари ҳамлаи террористии ҷиддие меравад, ки ба давлати Олмон таҳдид мекард”.

Боздоштшудаҳо – шаҳрвандони Сурия ва Тунисанд ва зери таъсири гурӯҳи “Давласти исломӣ” қарор доштанд, гуфтанд масъулини полиси Берлин.

Боздошти гумонбарон дар натиҷаи рейди полис, аз ҷумла, дар маркази фарҳангии исломӣ сурат гирифт. Ин рейдҳо баъд аз ҳамлаҳои террористии шоми 13 ноябр дар Порис, ки дар онҳо 130 нафар ба ҳалокат расиданд, шурӯъ шуданд.

Расонаҳои олмонӣ бо такя ба манбаъҳои худ дар сохторҳои амниятӣ навиштаанд, ки ҳамлаи террористӣ бояд шаҳри Дортмунд, воқеъ дар шимолу ғарби Олмон, сурат мегирифт.

XS
SM
MD
LG