Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар ҷумҳурии Бошқирдистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, яке аз ихроҷшудаҳо қаблан бо ҳукми додгоҳ бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Вале муҳоҷири дуюм аз Тоҷикистон бо ҷурми убури ғайриғонунии марз ихроҷ шудааст. Мақомоти ФМС-и Бошқирдистон мегӯянд, ин муҳоҷир баъди ихроҷи қаблиаш ному насабашро тағйир дода, ғайриқонунӣ ба Русия баргаштааст.

Мақомоти Бошқирдистон се рӯз пеш гузориш дода буданд, ки аз аввали сол 105 шаҳрванди Тоҷикистонро ба далели нақзи қоидаҳои кору иқомат дар Русия ихроҷ кардаанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, шумори он шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 322 000 нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG