Пайвандҳои дастрасӣ

Сокини вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон Юдошбек Қарабоев 28 хешованд ва аз ҷумла модари пирашро ба Сурия бурдааст. Дар ин бора ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ яке аз хешовандони ин оила Ҷонибой Тиналиев хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, нахуст худи Юлдошбек Қарабоев ҳамроҳи зани ҳомила ва чаҳор кӯдакаш ба Сурия рафтааст. Сипас вай хешовандони дигарашро ҳамроҳи кӯдакони хурдсолашон низ ба ин кишвар кӯчондааст. Ҳамагӣ ҳоло дар Сурия 28 нафар аз хешовандони ин оила қарор доранд.

Ёдовар мешавем, баҳори соли 2015 аз ноҳияи Тон як оила бо панҷ фарзанд ва зани 80-сола бо чаҳор духтараш озими Сурия шуда буданд. Пештар додситони кулли Қирғизистон Индира Ҷолдубаева хабар дода буд, ки қариб 500 шаҳрванди Қирғизистон дар сафи созмонҳои байналмиллалии террористӣ дар Сурия қарор доранд, ки122 нафарашон занонанд.

XS
SM
MD
LG