Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВКД Тоҷикистон рӯйхати ҷинояткорони мавриди пайгардро, мумкин аст, дар миёни ҷангҷӯёни Сурия бошанд, дар ихтиёри Русия мегузорад. Ин иқдом барои пешгирии воридшавии ҷангҷӯён ба Русия рӯи даст гирифта шудааст.

Дар ин бора вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 24 ноябр дар машварати якҷояи вазоратҳои умури дохилии ду кишвар дар Маскав хабар дод.

Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев, ҳамкории ниҳодҳои корҳои дохилии ду кишвар бештар дар бахши мубориза бо тундгароӣ ва терроризм, қочоқи маводи мухаддир, ҷустуҷӯи афроди муттаҳам ва ҳамчунин омода кардани мутахассисон хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар поёни ҷаласа вазирони умури дохилии ду кишвар нақшаи кори муштараки ниҳодҳои худро барои соли оянда тасдиқ карданд.

XS
SM
MD
LG