Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як гумонбари терроризм дар Шветсия


Мақомоти Шветсия мегӯянд, дар чаҳорчӯби амалиёти ҷустуҷӯи террористон баъд аз ҳамлаҳо ба шаҳри Порис нафареро бо гумони тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар кишвар дастгир карданд. Хадамоти амниятии Шветсия рӯзи 20 ноябр хабар дод, ки шаҳрванди Ироқ Мутар Матанна Маҷид дар як амалиёт дар Маркази афроди ҷӯяндаи паноҳандагӣ дар шаҳри Болиден боздошт шуд.

Фредрик Милднер, сухангӯи SAPO, полиси махфии Шветсия, гуфт, ки гумонбар ҳангоми боздошт муқовимат накардааст.

Раиси SAPO Андерс Торнберг гуфтааст, ки ҳабси Маҷид бо ҳамлаҳои террористии рӯзи 13 ноябр дар Порис рабте надорад. Аммо гумон меравад, ки шахси боздоштшуда бо гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” робита дошт. Ин гурӯҳ масъулияти ҳамлаҳо дар Порисро бар ӯҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG