Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Абдулҳамид Абеуд шиносоӣ шуд


Бар асари амалиёт дар шаҳри Сен-Денӣ шаҳрванди Белгия Абдулҳамид Абеуд, созмондиҳандаи ҳамлаҳои террористӣ дар Порис кушта шудааст.Дар ин бора додситони Порис Франсуа Молен рӯзи 19 ноябр ба хабарнигорон хабар дод. Дар ин амалиёт, ки рӯзи чаҳоршанбе баргузор шуд, ду нафар ба ҳалокат расида, 9 нафар боздошт шудаанд. Ташхиси ҷасадҳо нишон дод, ки яке аз кушташудаҳо Абеуд будааст

Аз ин пеш Маҷлиси миллии Фаронса рӯзи 19 ноябр вазъи фавқулоддаро дар кишвар то се моҳи дигар тамдид кард. Вазъи фавқулодда дар Фаронса ба думболи ҳамлаҳои террористӣ дар Порис ҷорӣ шуд, ки дар онҳо 129 нафар кушта ва беш аз 350 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамчунин бо дастури комиссариатҳои полис, кормандони ҳифзи тартибот ҳақ пайдо карданд, ки берун аз хизмат ҳам бо худ силоҳ дошта бошанд ва дар сурати ҳамлаи террористӣ аз он истифода баранд.

Қабл аз раъйдиҳӣ дар парлумон оид ба тамдиди вазъи фавқулодда Мануэл Велс, нахуствазири Фаронса, аз имкони истифодаи силоҳи кимиёвӣ ё биологӣ дар кишвар аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ ҳушдор дод. Ӯ гуфт, ки мо набояд ягон чизро сарфи назар кунем.

Ба гуфтаи додситони Порис, амалиёт дар Сен-Денӣ аз ҳадди аққал як амали бузурги террористӣ ҷилавгирӣ кард – қаблан расонаҳо дар бораи имкони ҳамлаи террористон ба маҳаллаи Дефанси Порис хабар дода буданд.

XS
SM
MD
LG