Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи маргбор дар ноҳияи Айнӣ


Бар асари як садамаи автомобилӣ дар ҳудуди ҷамоати Хушекати ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар шоҳроҳи масири Хуҷанд-Душанбе 5 нафар ҳалок шудаанд, вале як кӯдаки якунимсола бо вуҷуди аз баландии 300 метр сарозер шудани ин мошин зинда мондааст.

Бино ба иттилои торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз сабаби боришоти зиёди барфу борон аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, ронандааш сокини 32-солаи ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, автомашина ба ҷуқурии 300 метр сарозер шудааст.

Бар асари ин садама, ронандаи автомашина Наботов Равшанбек соли тавалудаш 1983, зодаи Куҳистони Мастчоҳ ва мусофирони он Мирзоев Кучакмаҳмад (соли таваллуд 1947), Муҳаббат Латифова, Санавбар Абдураҳмонова, Равшанбек Наботов ва Халилулоҳ Абдураҳмонзода сокинони деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ фавтида, Гулрӯ Абдураҳмонзодаи якунимсола саломат мондааст.

Тавре наздикони онҳо мегӯянд, модари Гулру Санавбар Абдураҳмонова дар лаҳзаи садама духтарчаашро аз тирезаи мошин ба берун мепартояд ва феълансаломатии Гулруи навзод муътадил будааст.

XS
SM
MD
LG