Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри фароғатии Белек, воқеъ дар минтақаи Анталияи Туркия, рӯзи 15 ноябр нишасти G-20, сарони бист кишвари пешрафтаи саноатии олам бо баррасии ҳамлаҳои Порис оғоз ёфт ва мавзӯи мубориза бо терроризм дар меҳвар қарор гирифт.

Ҳама сарони кишварҳо ҳамлаҳо дар Порисро маҳкум карданд ва изҳор намуданд, ки ҳама якҷоя набард бо терроризмро идома хоҳанд дод. Онҳо дар нишасти Гурӯҳи 20 дар бораи таҳкими ҳифозати марзҳо ва боло бурдани амнияти ҳавопаймоҳо ба созиш расиданд. Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса, баъд аз ҳамлаҳо дар Порис, сафараш ба Туркияро лағв кард.

Ҳаводиси Порис ба барномаи саммити сарони Гурӯҳи 20 тағйирот ворид кард ва бахши аъзами он ба ҳамлаҳое, ки дар онҳо дасти кам 129 нафар ҷон бохтанд, ва мубориза бо терроризм бахшида шуд. Қарор аст, ки дар нишаст дигар масоили умдаи сайёра – низоъ дар Сурия, бӯҳрони муҳоҷират ва тағйири иқлим ҳам мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигиранд.

Мулоқоти дуҷониба Барак Обама ва Владимир Путин дар ин нишаст ҳамоҳанг нашудааст, аммо, ба гуфтаи ёвари раисиҷумҳури Русия Юрий Ушаков, дар долонҳои нишаст онҳо бо ҳам аллакай гуфтугӯҳои кӯтоҳе доштанд.

XS
SM
MD
LG