Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони Гурӯҳи 20 дар Туркия ҷамъ меоянд


Минтақаи Белек дар Туркия
Минтақаи Белек дар Туркия

Раҳбарони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои ширкат дар нишасти G-20 (Гурӯҳи 20) дар Анталия, минтақаи фароғатии ҷануби Туркия ҷамъ меоянд. Қарор аст дар нишасти сарони 20 кишвари бузурги иқтисодии олам, ки рӯзҳои 15 ва 16 ноябр дар Белек баргузор мешавад, масоили умдаи сайёра – мубориза бо терроризм, низоъ дар Сурия, бӯҳрони муҳоҷират ва тағйири иқлим баррасӣ шавад.

Бахши аъзами нишаст ба ҳамлаҳои террористии ахир дар Порис, ки дар онҳо дасти кам 129 нафар ҷон бохтанд, бахшида хоҳад шуд.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, қабл аз нишаст бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон музокироти дуҷониба анҷом медиҳад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, қарор аст Эрдуғон дар ифтитоҳи нишасти G-20 ҷомеъаи ҷаҳониро ба муттаҳидӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва мусоидат ба хатми ҷанг дар Сурия даъват кунад. Як рӯз пеш дар музокирот дар Вена, пойтахти Австрия, ҷадвали ташкили ҳукумати давраи гузариш дар Сурия ҳамоҳанг карда шуд. ИМА, Русия, ҳайатҳои кишварҳои аврупоӣ ва Ховари Миёна тарҳи эҳёи раванди сиёсӣ дар Сурияро таҳия карданд, ки ду солро дарбар мегирад ва бо интихобот поён меёбад. Аммо ширкаткунандагон дар мавриди сарнавишти раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ба як назари воҳид даст наёфтанд.

XS
SM
MD
LG