Пайвандҳои дастрасӣ

​Наздикони Шоира Ҷобирова мегӯянд, дар бадани ӯ осори зиёди латукӯб дида мешуд. Дар қатли ин зани ҷавон як афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон гумонбар мешавад.

Ҷасади Шоира Ҷобирова -- сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, ки дар қатли ӯ лейтенанти калон Иван Шербаков, афсари пойгоҳи 201-уми Русия гумонбар мешавад, субҳи 11 ноябр ба наздиконаш супурда шуд. Ҷанозаи ин зани ҷавонро ҳамин рӯз дар рустои Кампирқалъаи ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурданд.

Наздикони Шоира Ҷобирова мегӯянд, дар бадани ӯ осори зиёди латукӯб ва ҷароҳатҳои мухталиф дида мешавад. Намояндагони сардхонаи бемористон низ рӯзи 11 ноябр дар сӯҳбат бо хабарнигорони "Озодӣ" гуфтанд, ки дар бадани Ҷобирова изи латту кӯбро мушоҳида кардаанд. Вале то ҳол натиҷаи ташхиси тиббӣ-додгоҳии ҷасади ин зани 22-сола эълон нашуда, сабабҳои маргаш низ маълум нест.

​Наздикони Шоира Ҷобирова ҷасади ӯро субҳи чоршанбе аз бинои бемористони низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дастрас кардаанд. Шоира ҳамроҳи падару модараш дар маҳаллаи 102-юми пойтахт дар хонаи иҷора мезист, вале ҷанозаашро дар зодгоҳи ӯ - деҳаи Кампирқалъа - дафн карданд.

Хабари марги ин шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон баъди чаҳор рӯзи қатли ӯ аз сӯи маъмурони пулиси Шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1 ошкор шудааст. Як мақоми тафтишотии ШКД-и Сино-1-и шаҳри Душанбе гуфт, ки афсари рус Иван Шербаков ин зани тоҷикро ба хобгоҳи қисми ҳарбии

Ҷасади Шоира Ҷобирова

Ҷасади Шоира Ҷобирова

​пойгоҳи 201-ум дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе даъват намуда, бо сабабҳои ҳанӯз барои тафтишот норӯшан, ба қатл расондааст. Ӯ мегӯяд, ҳодисаи куштор рӯзи 9 ноябр ошкор шуда, дар пайи он Иван Шербаков боздошт гардидааст ва ҳоло тафтишот идома дорад.

Дар пурсишҳои ибтидоӣ лейтенанти калон Иван Шербаков гуфтааст, ки дар ҳолати мастӣ ин занро ба қатл расондааст ва аз он шаб чизеро дар ёд надорад.

Дар ҳоли ҳозир, таҳқиқи ҳодисаи мазкурро мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия идома медиҳанд ва парвандаи Иван Шербаков тибқи Кодекси ҷиноии Русия пеш бурда мешавад.​ Мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия дар суҳбат бо “Озодӣ” аз ироаи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карда ва гуфтанд, то анҷоми пурраи бозрасӣ дар ин бора чизе гуфта нахоҳад шуд. Вале Вазорати дифои Русия эълон кард, ки ин қазияро таҳқиқ доранд ва барои ин як комиссияи махсус ҳам ташкил шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов аз қатли Шоира Ҷобирова, сокини шаҳри Душанбе, дар ҳудуди пойгоҳи 201-уми Русия, воқеъ дар пойтахт шадидан нигаронӣ карда, рӯзи 10 ноябр дар ин бора ба сафири Русия Игор Лякин-Фролов ёддошт ё нота супурдааст. Ҷаноби Аслов гуфтааст, ки ин ҳодиса ба рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Русия созгор нест.

Иван Шербаков. Акс аз "ВКонтакте"

Иван Шербаков. Акс аз "ВКонтакте"

Дар ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид шудааст, "ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон чораҳои лозим андешида шаванд". Бар асоси қарордоди Тоҷикистону Русия пойгоҳи 201 бо ҳафт ҳазор сарбозу афсараш то соли 2042 дар кишвар боқӣ хоҳад монд.

Дар тӯли як соли ахир чанд сарбози Русия дар заминаи содир кардани ҷиноятҳои марбут ба латту кӯб, талоши дуздии мол ва қатли шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, додгоҳи гарнизони ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон рӯзи 26 августи соли ҷорӣ бо қарори худ ду сарбози ин пойгоҳ - Илдар Сахапов ва Федор Басимовро дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон Раҳимҷон Тешабоев гунаҳкор эълон карда ва ба онҳо аз 13 то 17 сол ҳукми зиндон дод.

Дигар сарбози ин пойгоҳ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Дмитрий Толстой, ба гуфтаи тафтишот, рӯзи 21 август ба сару гардан ва пою шиками таксирони тоҷик Тоҳир Султонов беш аз 30 корд задааст. Ин таксирони тоҷик 10 рӯз дар беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон бистарӣ буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG