Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар робита ба қатли як зани тоҷик


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз қатли Шоира Ҷобирова дар ҳудуди пойгоҳи 201-уми Русия нигаронӣ карда, аз Маскав талаб намудааст, ки аз такрори чунин ҳодисаҳо ҷилавгирӣ намояд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов аз қатли Шоира Ҷобирова, сокини шаҳри Душанбе, дар ҳудуди пойгоҳи 201-уми Русия, воқеъ дар пойтахт шадидан нигаронӣ карда, рӯзи 10 ноябр дар ин бора ба сафири Русия Игор Лякин-Фролов ёддошт ё нота супурдааст. Ҷаноби Аслов гуфтааст, ки ин ҳодиса ба рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Русия созгор нест.

Дар ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид шудааст, "ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон чораҳои лозим андешида шаванд". Бар асоси қарордоди Тоҷикистону Русия пойгоҳи 201 бо ҳафт ҳазор сарбозу афсараш то соли 2042 дар кишвар боқӣ хоҳад монд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи сешанбе хабар доданд, ки лейтенанти калон Иван Шербаков, афсари пойгоҳи низомии 201-уми Русияро ба гумони қатли Шоира Ҷобирова дастгир кардаанд. Боздошти ӯ рӯзи 9 ноябр сурат гирифта, ҳоло ба муқобилаш бо ҷурми куштор парванда боз гардидааст. Тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Бобо Ҷобиров, бародари Шоира, гуфт, ки сарбози пойгоҳи 201-уми Русия баъд аз бадрафторӣ бо хоҳари 22-солааш ӯро ба қатл расонда, дар қуттии ахлот ё "мусор"-и назди пойгоҳ партофтааст. Ӯ 10 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло мақомоти тафтишотии пойгоҳи

201-уми Русия ҷасади хоҳарашро барнагардондаанд ва интизор меравад рӯзи чоршанбе ҷасадро ба онҳо диҳанд. Ба қавли Бобо, Шоира дар маҳаллаи 102-юми пойтахт бо модару падари бемораш дар хонаи иҷора ба сар мебурдааст.

Идигул Азимова, модари Шоира, низ бо такя ба қавли таксироне, ки духтарашро то хобгоҳи пойгоҳи 201-уми Русия расондааст, гуфт, "дар вақти бо таксӣ овардани Шоира чаҳор афсари пойгоҳи 201-ум баромада ӯро ба хобгоҳ бурдаанд." Ӯ мегӯяд, то кунун танҳо ба язнаи Шоира иҷозат шудааст, ки ҷасади вайро дар сардхона ё "морг" бубинад. "Язнааш гуфт, ки ҷасади Шоираро шинохтааст ва дидааст, ки зери ҳар ду чашмаш доғҳои калони сиёҳ доранд," -- нақл кард Идигул Азимова.

Як мақоми тафтишотии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-1-и пойтахт рӯзи 10 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин афсари рус зани тоҷикро ба хобгоҳи қисми ҳарбии пойгоҳи 201 дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе даъват намуда, бо сабабҳои ҳанӯз барои тафтишот норӯшан, ба қатл расондааст.

Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-1 мегӯяд, ҳодисаи куштор шаби 5 ноябри соли ҷорӣ дар қисми ҳарбӣ рух дода ва баъд аз муроҷиати наздикони Ҷабборова дар мавриди нопадид шудани ӯ ҳодисаи куштор рӯзи 9 ноябр ошкор шудаааст.

Ба иттилои манбаъ, дар пурсишҳои ибтидоӣ лейтенанти калон Иван Шербаков гуфтааст, ки "дар ҳолати мастӣ ин занро ба қатл расондааст ва он шаб ҳеч чизро дар ёд надоштааст."

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ҳодисаи мазкурро мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия идома медиҳанд ва парвандаи Иван Шербаков тибқи Кодекси ҷиноии Русия пеш бурда мешавад.​ Дар ҳамин ҳол, як мақоми тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия рӯзи 10 ноябри ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин парванда аз тарафи муфаттишони ин пойгоҳ таҳқиқ мешавад ва то анҷоми пурраи бозрасӣ аз ҷузъиёти он ба матбуот хабар дода намешавад.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ҳамагуна маълумот метавонад ба ҷараёни тафтишот халал ворид кунад.

Дар тӯли як соли ахир чанд сарбози Русия дар заминаи содир кардани ҷиноятҳои марбут ба латту кӯб, талоши дуздии мол ва қатли шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, додгоҳи гарнизони ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон рӯзи 26 августи соли ҷорӣ бо қарори худ ду сарбози ин пойгоҳ - Илдар Сахапов ва Федор Басимовро дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон Раҳимҷон Тешабоев гунаҳкор эълон карда ва ба онҳо аз 13 то 17 сол ҳукми зиндон дод.

Дигар сарбози ин пойгоҳ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Дмитрий Толстой рӯзи 21 август ба сару гардан ва пою шиками таксирони тоҷик Тоҳир Султонов беш аз 30 корд задааст. Ин таксирони тоҷик 10 рӯз дар беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон бистарӣ буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG