Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косово ба узвияти ЮНЕСКО пазируфта нашуд


Косово ба узвияти ЮНЕСКО, Бунёди маорифу илм ва фарҳанги СММ, пазируфта нашуд. Дар конфаронси кулли ин ниҳод дар шаҳри Порис рӯзи 9 ноябр аз узвияти Косово дар ин ниҳод 92 кишвар пуштибонӣ карда, 50 кишвар зидди он раъй доданд. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, барои узви ЮНЕСКО шудани Косово се овоз нарасид. Косово фақат баъди он метавонад узви комилҳуқуқи ЮНЕСКО шавад, ки аз номзадияш аз се ду ҳиссаи 195 кишвари узв ҷонибдорӣ кунанд.

Аз ин пеш Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО бо бештари овозҳо ва бо вуҷуди мухолифати Сербия тавсия дода буд, ки Косово узви комилҳуқуқи ин ниҳоди Созмони Милал шавад.

Айни ҳол истиқлолияти Косово аз сӯи беш аз 110 кишвари олам, аз ҷумла, ИМА ва аксар давлатҳои узви Иттиҳодияи Аврупо эътироф шудааст. Вале Сербия ҳамоно мухолифи мустақилияти Косово мебошад ва ҳампаймонаш Русия чун узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба узвияти Косово дар Созмони Милали Муттаҳид вето гузоштааст.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, изҳор намуд, ки ба узвияти ЮНЕСКО қабул шудани Косово маънои олудаи сиёсат шудани ин ниҳоди фарҳангиро дорад.

XS
SM
MD
LG