Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Украина ба Русия дар масъалаи газ


Андрий Коболев

Андрий Коболев

Мақомоти Украина гуфтанд, ки аз Русия танҳо то поёни соли равон газ мехаранд, вале агар Русия нархи муносиб пешниҳод накунад, дар семоҳаи аввали соли 2016 тамоми гази лозимро аз Аврупо хоҳанд гирифт. Раҳбари ширкати “Нафтогаз” Андрий Коболев рӯзи 3 ноябр дар Киев гуфт, онҳо умед доранд, ки фурӯшандагони гази Русия нархи муносиберо пешниҳод хоҳанд кард, вагарна Украина газашро аз Аврупо хоҳад харид. Коболев гуфт, бино ба интизори онҳо, нархи газ сар аз семоҳаи дуюми соли оянда “ба таври ҷиддӣ” коҳиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG