Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба боз кардани сентрифугҳои худ оғоз кардааст


Алӣ Акбар Солеҳӣ
Алӣ Акбар Солеҳӣ

Эрон мегӯяд, ки бастани дастгоҳи сентрифугҳои ғанисозии уранро оғоз кардааст, то ба ин тартиб уҳдадориҳои худро бар асоси созишномаи ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ иҷро кунад.

Бар асосисозишномаи моҳи июли соли ҷорӣ, таҳримҳои зидди Эрон тадриҷан аз миён бардошта мешавад, агар ин кишвар фаъолиятҳои ҳастаиашро маҳдуд кунад.

Алӣ Акбар Солеҳӣ-раиси Ожонси ҳастаиии Эрон мегӯяд: “Мо аз ҳоло тадбирҳоро барои боз кардани сентрифугҳои изофӣ оғоз кардаем. Вай ин нуктаро 2 ноябр дар ҷараёни боздидаш аз Токио-пойтахти Ҷопон изҳор дошт.

Вай афзуд: “Мо умедвор ҳастем, ки дар ду моҳи оянда битавонем уҳдадориҳои худро иҷро кунем”. Аз сӯи дигар, 20 нафар намояндагони муҳофизакори Маҷлис ба Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон шикояти хаттӣ бурдаанд, ки боз кардани сентрифугҳо дар ду муассиса-дар Натанз ва дар Фордов хеле зуд анҷом мегирад.

Ин намояндагони Маҷлис навиштаанд, ки ба ин зудӣ иҷро кардани уҳдадориҳо бар хилофи раҳнамудҳои Оятулло Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон мебошад. Хоманеӣ моҳи гузашта шартан созишномаро қабул кард.

XS
SM
MD
LG