Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Назарбоев аз Британия оғоз ёфт


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Боздиди Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон аз Британия оғоз ёфт. Вай дар ҷараёни ин боздид бо нахуствазир Девид Камерон ва Малика Элизабети 2 музокира анҷом медиҳад.

Назарбоев баъд аз Лондон ба Фаронса меравад ва дар он ҷо бо Франсуа Ҳолланд-раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот мекунанд.

Интизор меравад, ки дар ҳар ду кишвар вай бо раҳбарони бахши соҳибкорӣ мулоқот анҷом диҳад. Мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки ин кишвари дорои захираҳои зиёди сӯхт мехоҳад роҳҳоимубориза бо коҳиши арзиши нафтро пайдо кунад.

Бино ба хабари дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ, интизор меравад, ки Назарбоев дар маросими имзои “баъзе қарордодҳои муҳими тиҷоратӣ дар Порис “ ҳузур ёбад.

XS
SM
MD
LG