Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бишкек ҳамоиши минтақавии «Иқтисоди сабз» доир мешавад


Дар Бишкек 4 ва 5 ноябр ҳамоиши байналмиллалии «Иқтисоди сабз» баргузор мешавад. Ҳадафи асосии он – пешбурди рушди бонизоми иқтисодии Қирғизистон аз роҳи табодули таҷриба бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар заминаи тавсеаи “Иқтисоди сабз” мебошад.

Ба иттилои ташкилкунандагон коршинсон дурнамои тавсеаи тарҳи «Иқтисоди сабз» дар Қирғизистонро баррасӣ карда, барои ҳукумат пешниҳодҳои мушаххасе барои пешбурди он бо дарназардошти таҷрибаи минтақавиро таҳия мекунанд.

Ин ҳамоиш аз сӯйи Агентии рушди дастҷамъонаи «КСО Осиёи Марказӣ» ва Барномаи ҳамкории байналмиллалии Олмон (GIZ) баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG