Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон Рӯзи ҷаҳонии пасандозҳо таҷлил мешавад


Имрӯз дар Қирғизистон бо ибтикори Бонки миллии он кишвар бори нахуст Рӯзи ҷаҳонии пасандозҳо таҷлил мешавад. Дар ин бора маркази матбуоти Бонки миллии Қирғизистон хабар додааст.

Дар доираи ин иқдом дар бонкҳои тиҷоратии он кишвар рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад ва барои кӯдакону калонсолон тарзи дурусти сарфаи пулҳо ва аҳамияти пасандоз кардан шарҳ дода мешаванд.

Рӯзии ҷаҳонии пасандоз барои боло бурдани огоҳии молиявии сокинон нақши муҳим дорад ва баҳонаи хубест барои баргузории иқдомҳои ҷолиб ҷиҳати фаҳмонидани аҳамияти пасандоз.

Дар ин рӯз дар саросари ҷаҳон намояндагони идораҳои давлатӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ бо баргузории иқдомҳои ҷалбкунанда одамонро ташвиқ месозанд, ки пулҳояшонро барои оянда захира кунанд.

XS
SM
MD
LG