Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 16 узви Ҳизб-ут-Таҳрир дар Тошканд


Пулиси Узбакистон дар пойтахт, шаҳри Тошканд 16 узви гурӯҳи мамнӯъи Ҳизб-ут-Таҳрирро дастгир кардааст. Вазорати дохилаи Узбакистон рӯзи 29 октябр дар баёнияаш гуфт, ин афрод дар хориҷ ба ин созмони мазҳабӣ пайваста, дар байни хешу табори худ ақидаҳои Ҳизб-ут-Таҳрирро таблиғ мекарданд. Мақомоти Осиёи Марказӣ мегӯянд, ҳизби Таҳрир дар стратегияе, ки ҷангиёни Ал-Қоида ва “Давлати исломӣ” барои тундрав сохтани ҷавонон ва ҷалби онҳо ба ҷангҳо дар Сурияву Ироқ истифода мебаранд, нақш дорад. Ҳизб-ут-Таҳрир як созмони сиёсиии суннӣ ва марказаш дар Лондон буда, барои дар як хилофати воҳиди исломӣ гирд овардани тамоми кишварҳои мусалмонӣ мубориза мебарад.Фаъолияти ин созмон дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG